
Файзуллочон Файзиев, Раиси созмони ХДТ дар вилояти Сугд
Мохи феврали соли оянда дар чумхури интихоботи навбатии Мачлиси Оли ва мачлисхои махалли баргузор мегардад. Дар доирахои сиёси оид ба тарзу усули баргузории интихоботи оянда гуфтугухои зиёде сурат гирифта истодаанд. Сомонаи «Як дарича чанд нигох» тасмим гирифт, то дар сахафоти хеш чорабинихои марбут ба ин маъракаи мухимро дар кишвар ва аз чумла, дар вилояти Сугд инъикос намояд. Сараввал мо ба чахор саволи худ аз рохбарон ва масъулони бахшу шуъбахои ахзоби сиёсии кишвар, ки дар Сугд фаъолият доранд, чавоб гирифтем. Инак, чавобхои созмони вилоятии хизби демократии Точикистон дар мавриди интихоботи оянда.
Файзуллочон Файзиев, Раиси созмони ХДТ дар вилояти Сугд
— Аз интихоботи дар пеш истода чи интизоред?
-Аз он рузе, ки Чумхурии Точикистон истиклолияти давлатии худро сохиб шуд, зиёда аз 18 сол сипари гашт. Дар ин муддат кишвари азизи мо чанд раъйпурсию интихоботхоро паси сар кард. Интихоботи соли 1991-и Раиси Чумхур нисбатан интихоботи демократи буд, ки дар он вакт куввахои демократи тавонистанд, зиёда аз 30 фоизи овози интихобткунандагонро сохиб шаванд. Минбаъда интихоботхо танхо аз такаллубкорию ваъдабозихои номзадхо ва нозирону аъзоёни комиссияхои интихобот аз боло то ба поён иборат буданд. Баромади Президенти кишвар дар паёми навбатии худ, ки 15 апрели соли чори ба Мачлиси олии чумхури кард, мо аъзоёни ХДТ-ро як кадар дилгармию хушбини оиди интихоботи дар пеш истодаи соли 2010 бахшид. Интизорем аклу заковати самимии Макомоти ичроияи шахру вилоятро, ки аз руи вичдон кафолати Президенти мамлакат ва Раиси ХХДТ чаноби Эмомали Рахмонро оид ба шаффофияти интихобот дастгири менамоянд. Интизорем, ки соли оянда дар Мачлиси намояндагон ва мачлисхои шахру нохияву вилоят микдори муайяни аъзоёни хизби демократи ваколати вакилиро пайдо мекунанд. Ин икдом обруву нуфузи Эмомали Рахмон ва макоми Точикистонро дар арсаи чахони баланд хохад кард. Аз як чихат Президенти Чумхурии Точикистон Чаноби Оли мухтарам Эмомали Рахмон кафолати баргузории интихоботи озоди шаффоф ва демократиро медихад, вале мутаассифона, вакилони Мачлиси намояндагон баргузории ин гуна интихоботро рад намуданд. Аз ин чо бармеояд, ки вакилони аз тарафи халк гуё «интихоб» гашта, харос аз он доранд, ки агар ба комиссияхои интихоботи аз боло то ба поён намояндагони хизбхои сиёсии кишвар баробар ворид шаванд, минбаъд интихобшавии онхо ё намояндагони онхо хеле аз хакикат дур мемонад.
Бо ин амали худ мардуми интихобкунандаи кишварро, ки президент Эмомали Рахмон кафолати интихоботи шаффофу демократиро ваъда дода буд, аз пояи хукукию конуни шудани ин кафолатдихи махрум сохтанд. Яъне баргузории интихоботи дар пеш истода, ба таври шаффофу озод ва демократи шудани онро зери суол гузоштанд.
Мо ба хар хол ба ваъдаи кафолатии Президенти кишвар эътимод дорем. Ба наздики дар вохурии худ котиби давлатии Иёлоти Муттахидаи Амрико Хиллари Клинтон аз Президенти Точикистон Эмомали Рахмон даъват ба амал овард, ки интихоботи дар пеш истода, дар фазои озод, шаффофу демократи баргузор гардад, то ки намояндагони арзандаи халку миллат бе мамоният ба овозхои худ сохиб гарданд.
— Харифи асосиатон кадом хизб хохад буд?
-Дар хамаи давлатхои чахон харифи асосии хар як хизби сиёси ин хизби хоким ба шумор меравад. Барои он ки тамоми фишангхои иктисоди, ичтимои, фархангию сиёси дар дасти он мебошад. Дар Чумхурии Точикистон хизби хоким ин хизби халки-демократи мебошад, ки раиси ин хизб Президенти кишвар хаст. Аз нигохи хизби демократии Точикистон Президенти кишвар набояд Раиси ягон хизб бошад, чаро ки вай дар навбати худ Президенти мо ва дигар ахзоби сиёсии кишварамон ба шумор меравад.
Бар замми ин барои хар як номзади гайри аъзои хизби халки- демократи, харифи асоси ин такаллубкори, фиреб, дуруг ва фитнагароихои комиссияхои интихоботи ба шумор меравад. хизби Демократии Точикистон борхо даъват ба амал оварда буд ва боз изхор медорад, ки макомотхои ичроияи хокимияти давлати ба огоз ва рафти маъракаи интихобот катъиян дахолат надошта бошанд. Ба таври доими макомотхои ичроия аз тарси он ки халк дар хакикат намояндагони онхоро интихоб надорад, бинобар он дагалона ба огоз ва рафти интихобот дахолат менамоянд. Вазорату кумитахои давлати, васоити ахбори омма, телевизион, радио ва хамаи макомотхои ичроия аз боло то ба поён дар хизмати ХХДТ мебошанд.
— Оё омодагии хизби Шумо шуруъ шудааст ё на?
-Омодаги ба интихобот барои ба боварии шахрвандони шарифи мамлакат сохиб шудан аз вакти таъсиси хизби демократи Точикистон аз соли 1990 инчониб мебошад. Боиси сарбаландии ХДТ он аст, ки дар Сарконуни Чумхурии Точикистон «Точикистон давлати демократи, хукукбунёд, дуняви ва ягона» буданаш омадааст, ки ин яке аз максадхои асосии хизби мост.
Баъди он, ки Президенти кишвар дар паёми навбатии худ ба Мачлиси Оли кафолати баргузории интихоботи шаффофу озодро ваъда дод, бовари нисбати баргузории ин гуна интихоботи шаффоф пайдо шуд. Ва умед ба он мебандем, ки дар мавриди аз тарафи Мачлиси намояндагон рад шудани лоихаи Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи интихоботи Мачлиси Оли Президенти кишвар кафолати худро бо фармон оиди шаффофу озод гузаронидани интихобот тасдик менамояд ва мумкин аст макомоти поёни ин гуна фармонро ичро намоянд. холо бошад дар хамаи созмонхои шахру нохияхои вилояти Сугд омодаги ба интихобот ба таври бояду шояд рафта истодааст ва минбаъд низ онро дар чойхо чоннок хохем кард.
— Дар мавриди демократи гузаштани интихобот чи назар доред?
-Хукумати Чумхурии Точикистон дар бораи демократи ва хукукбунёд шудани кишвар бисёр суханони волоро ифшо менамоянд, аммо рафтор ва услуби корбарии онхо шахсхоро ба ноумеди водор месозад. Аз хамаи интихоботхои гузашта имруз мардум ноумед шудааст ва бовар надорад, ки номзади интихобкардаи у ваколати вакилиро сохиб мегардад.
Натичаи пурсишхое, ки аз тарафи созмонхои бонуфузи байналмиллали холисона аз шахрвандони Чумхурии Точикистон оиди хизбхои сиёси гузаронидаанд, ХДТ аз хама макоми баландро сохиб гаштааст. Дар сурати озоду демократи гузаштани интихобот ХДТ итминони комил дорад, ки зиёда аз 30 фоизи овози интихобкунандагонро сохиб мешавад.
Дар мавриди демократи гузаштани интихоботи дар пеш истода мо аъзоён ва рохбарияти хизби Демократии Точикистон умед дорем, ки намояндагони хизби Демократи дар катори дигар хизбхои сиёсии аз кайд гузашта ба мачлиси намояндагон ва мачлисхои махалли интихоб мегарданд ва барои рушду нумуи Точикистони азизи худ конунхои мувофик ва такконбахшандаро кабул менамоянд.
1. Дар мавриди демократи гузаштани интихобот ин пеш аз хама ба пояи коррупсия теша мезанад, барои вориди сармояи хоричии кишвар ба иктисодиёт тахкурси мегузорад. Боварии шахрвандони Чумхури ва хоричиёнро ба фардои дурахшони Точикистон кави мегардонад.
2. Шаффофияти фаъолияти вазоратхо, кумитахо ва макомотхои давлатиро таъмин менамояд.
3. Тарзи сарфиёти сармояи хоричи, кумаки башардустонаю хайрияхоро зери назорат мегирад.
4. Системаи андоз ва андозбанди ба низом дароварда шуда, сарфу харочоти самаранокии бучаи Чумхурии Точикистон зери назорати катъи гирифта шуда он самаранок истифода бурда мешавад.
5. Ба Конуни асосии Чумхурии Точикистон тагйироту иловахо ворид намуда, мустакилияти се шохаи хокимият, хокимияти конунбарор, хокимияти ичроия ва хокимияти суди таъмин карда мешавад.
6. Ваколатхои Президент, Сарвазир, Мачлиси намояндагон мукаррар карда мешаванд. Мухлати идоракунии Президент чор сол буда вай ду мухлат интихоб шуда метавонад, яъне 8 сол. Президенти амалкунанда дар мавриди чори шудани ин тагйироту илова ба Конуни асоси хукуки боз пешниход шуданро надорад. Дурустии ин мухлати ваколатро зиёда аз 200 сол инчониб Иёлоти Муттахидаи Амрико тасдик намудааст ва ин набояд минбаъд тагйирёбанда бошад.
7. Вазирон дар назди Сарвазир, Президент хисоботдиханда буда, дар навбати худ парлумон бояд аз ичроиши конунхои кабул намуда аз болои онхо назорат барад ва онхо вазифадоранд, ки назди вакилони Мачлиси намояндагон сари вакт хисобот диханд.
8. Хамаи раисон аз чамоат сар карда то раисони шахру нохияви ва вилояти интихоби бошанд ва хар сари шаш моху як сол назди интихобкунандагони худ хисобот диханд. Дар вакти гайр интихобкунандагон хукуки бозхонди онхоро дошта бошанд.
Набояд Раисони шахру нохияхо ва вилоятхо дар як вакт
Раиси мачлисхои махалли бошанд, чаро ки раисони шахру нохияви макомоти ичроияви буда, назди мачлисхои махаллии шахрию нохияви ва вилояти хисоботдиханда бошанд ва мачлисхои махалли аз болои конуну карорхои кабулкардаи худ назорат бурда тавонанд.
9. Дар мавриди демократи гузаштани интихобот макому манзалати омузгор дар сухан не балки дар амал бо зиёд намудани маоши омузгор барои як вохиди кори, ки вай аз 14 соат иборат бошад ва маблаги мегирифтаи у имруз 1200-1400 сомониро ташкил намуда, барои рохбари синфи бошад 300-400 сомониро дарег надорем ва хамаи имтиёзхое, ки омузгор дошт ба у баргардонем. Дар ин холат мо метавонем маорифро вокеан ба сохаи афзалиятнок табдил дода насли наврасро босавод гардонем ва кадрхои бехтаринро ба воя расонем, чаро ки офаранда ва ба вучудорандаи неъматхои моддию истехсоли махз кадрхои баландихтисос ба шумор мераванд. Дар ин маврид баланд бардоштани маърифати сиёсии мардум хело осон мегардад ва мардуми босаводи маърифати сиёсии баланд доштаро такаллубкори, фиреб, фитнагари ва ваъдахои бардуруг додан амрест махол.
Дар Чумхурии Точикистон нигох доштани ин кадар Донишгоххои зиёди олии касби зарур нест, хадалимкон Донишгоххои олии гуманитари кам карда шаванд, барои он ки бисёрии хатмкунандагони ин Донишгоххо пас аз хатм бо чои кор таъмин намешаванд ва эхтиёч низ вучуд надорад.
Микдори Вазорату Кумитахои давлати низ дида баромада кисми зиёди онхо ё бархам дода мешаванд ё худ муттахид карда шуданашон лозим аст. Барои он ки дар хамаи сохахо танхо баромади Президенти кишвар Эмомали Рахмонро оиди лампахои каммасраф, афзалиятнокии маориф, амният, мудофиа ва макомотхои дахлдори кудрати, саломатии мардум ва тозаю ободии мухити зист ва тозагии оби нушокиро мешунавем. хол он ки ин хама суханронию баромадхои Президенти кишвар сифр кори Вазорату Кумитахо хаст.
Ихтисор намудани армияи калони рохбарикунандаи шуъбаю кумитахо ногузир буда ин талаби замон ва вазъи иктисодии кишвар дар мархилаи кунуни мебошад.
10. Дар мавриди демократи гузаштани интихобот замин ба сохиби аслиаш дехкон дода шуда, ин замин барои дигарон сарчашмаи ба даст дарории даромади муфт бо рохи ичорадихи ва хариду фуруш нагардад.
Аз тарафи сохибкорони ватани истехсолоти молу мавод дар корхонахои шахсии онхо шароит ба вучуд меорад. То ки мо тавонем молу маводи ракобатпазирро нисбат ба молхои истехсолнамуда, истехсоли хоричи, воридшавии молхои хоричиро ба кишвар танг намоем ва бештар ба хоричи кишвар онро фурухта тавонему он харидоргир шуда тавонад.
Обектхои калони хаётан мухими стратеги ба монанди неругоххои барки, заводхои тилло, алюминий, сурмаю симоб, нукра дар идоракунии давлат бошад. Андозсупорандагон бучаи давлатро таъмин менамоянд бинобар он ба хукуматхо лозим аст, ки хукуку амнияти андозсупорандагонро эхтиром намуда онхоро химоя ва дастгири намояд.
Дар поёнии сухан ба хамаи шахрвандон ва интихобкунандагони Чумхурии азизамон таманнои онро дорем, ки аз ормонхои демократи бархурдор бошанд ва дар интихоботи пеш истода хушёрию зиракии сиёсии худро аз даст надиханд, то ки овози онхо дуздида нашавад. Махз голибияти ормонхои демократи буд, ки имруз дар Чумхурии Чопон, Иёлоти Муттахидаи Амрико ва Олмони федерали хизбхои Демократи галаба ба даст овардаанд, ки ин давлатхои номбаршуда аз шумораи давлатхои хело пешкадами тараккиёфта ба шумор мераванд.
Худо кунад, ки Точикистони азизи мову Шумо дар маддати кутохтарин аз бухрони барки, гази, комуникатсиони ва ичтимоию иктисоди рахои ёбад. Мардуми он чун инсони комил зиндагони мекардаги шавад.
Ормони хизби Демократии Точикистон ин пеш аз хама,
Истиклолияти комили давлатдории навини Точикистон
Зиндагии фаровону осудахолии мардум мароми мост,-
мебошад.