Feeds:
Записи
Комментарии

1. Аз интихоботи дар пеш истода чи интизоред?
Точикистон ба мархилаи нави рушд ворид гардида, дар арсаи байналхалки ва халли муаммохои дохили худ ба натичахои назаррас ноил гардида истодааст. Албата инкор кардани мумкин нест, ки дар хаёти иктисоди, сиёси ва ичтимоии чумхури муаммохои зиёде мавчуд мебошанд.
Дар интихоботи хайати нави вакилони Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон иштирок кардани хизбхои гуногун, имконият медихад, ки онхо дар якчояги ин муаммохоро бори дигар барраси намоянд ва дар халли онхо фаъолона иштирок кунанд. Аъзоёни хуби аграри умеди комил доранд, ки аксари хизбхо дар органи конунгузории намояндагони арзандаи худро пайдо мекунанд ва дар хамбастаги онхо барои рушди ояндаи чумхури хиссагузори мекунанд. Тачрибаи хаёти сиёсии бисёр давлатхо собит месозанд, ки дар суръати ба вучуд омадани органи конунгузории ба акидаю пешниходхои хизбхои гуногун такякунанда конунхои дар хакикат амалкунандаро кабул намудан мумкин аст. Умуман аъзоёни хизби аграри аз интихоботи дар пешистода натичахоеро интизоранд, ки дар Мачлиси намояндагон хизбхои гуногун мавкеи хоси худро пайдо хоханд кард.

2. Хадафи асосиатон кадом хохад буд?

Хизби аграри — хизби мардуми мебошад ва фаъолияти худро барои таъмини халли муаммохои комплекси агросаноати равона намудааст. Худ ин мавкеъ гувохи он аст, ки тарафдорони хизб дар минтакахои гуногуни вилояту чумхури зиёданд ва хизб ба дастгирии бевоситаи онхо умеди калон дорад. Аз ин лихоз интихоби хизби алохида чун харифи асоси мувофики максад намебошад. Дар урфият мегуянд, «аз паси як нафар шуда, дустони дигарро гум кард». Мо намехохем, ки хизби алохидаро харифи асосии худ интихоб кунем. Умед дорем, ки хар як хизб фаъолияти пеш аз интихоботии худро шаффоф ба рох мемонад, ва нисбати дигар хизбхо хар гуна гуфторхои аз чорчубаи одоби мардуми точик берунаро дар сохиб гардидан ба максадхои худ истифода нахоханд бурд.
Умеди комил дорем, ки интихобот дар сатхи баланди сиёси мегузарад, хамаи хизбхо дар он фаъолона иштирок мекунанд ва барои ояндаи дурахшони Точикистон сахми арзандаи худро мегузоранд.

3.Оё омодагии хизби Шумо шуруъ шудааст?
Хизби аграри фаъолияти худро барои иштирок дар интихоботи дар пешистода баъди интихоботи Призиденти кишвар огоз намудааст. Дар вохурихо бо аъзоёни хизб ва мардуми дехот самтхои асоси иштирок дар интихобот мавриди барраси карор дода шуданд.
Хамаи таклифу дархостхои онхо бо пурраги ба инобат гирифта шуда, дар чарайёни ташвикоти таргиботи, хизб пешниходхои аъзоёну мардуми дехотро васеъ истифода хохад бурд. Танхо натичаи интихобот нишон хохад дод, ки самти тайёрии хизб дар кадом сатх карор дошт. Бевосита як нуктаро кайд кардани хастам, ки барои фаъолона дар интихобот иштирок кардан хизби аграри бештар ба мардуми дехот, олимону мутахасисони соха такя хохад кард.

4. Дар мавриди демократи гузаронидани интихобот чи назар доред?

Имруз бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки хаёти сиёсии чумхури ба натичахои дилхох чихати ноил гардидан ба демократия дар амал сохиб гардида истодааст. Аз ин лихоз хизби аграри чун хамаи куввахои сиёсии чумхури барои демократи гузаштани интихобот кушиш хохад кард. Танхо мо бояд кушиш ба харч дихем, ки интихобот шаффоф гузарад ва ба хар гуна гуфторхо нисбати хизбхо рох надихем ва маданияти гузаронидани ташвикоту таргиботиро тибки одоби сиёси ба рох монем. Мо ба эътироф кардани ин нукта аз тарафи хамаи хизбхо боварии комил дорем.

Аз интихоботи дар пеш истод чи интизоред. Мо дар остонаи вокеан, мухими сиёси карор дорем, ки он ба ояндаи миллат, раванди бунёди xомеаи демократи, ба сатхи зиндагии Тоxикистониён таъсир накарда наметавонад. Ман интихоботи дар пеш истодаро дар назар дорам. Интихобот ба фикри ман, бояд аз интихоботхои пештара нисбатан шаффоф гузарад. Зеро маърифати хукуки ва сиёсии интихобкунандагон бо тадриx баланд шуда, мардум нисбати макомоти конунгузори худ бефарк нахоханд буд. Ман ин маъниро аз вохeрихо бо одамони гуногункасб сeхбатхои алохида, тeю маъракахо хис кардам. Аслан хамин хел хам бояд бошад. чар як фарди тоxик наметавонад нисбати такдири миллат, давлат, xомеъа тафовут бошад. Аз ин xо умедвори хаст, ки халк бо виxдони поку дили соф намояндаи худро интихоб мекунад.
Вале андеша мекунам, ки барои таъмини иштироки фаъолонаи хизбхо дар раванди интихобот ба онхо шароити бештар мусоид бояд фарохам овард. Аз xумла, ба Конуни конститутсионии Xумхурии Тоxикистон «Дар бораи интихоботи Маxлиси Олии Xумхурии Тоxикистон» ба фикри мо бояд баъзе таuйирот ворид карда шавад. Андозаи гарави интихоботии хизбхои сиёси бояд кам карда шавад, зеро на хама хизбхо кудрати пардохти чунин маблаuро доранд. Аз дигар xихат ин икдом фаъолнокии хизбхоро бештар менамояд ва бовари дорам, ки аз фаъолнокии хизбхо дар интихобот xомеъа бурд хохад кард.
Вактхои охир Xумхурии мо чи дар сиёсати беруни ва чи дохили, хамзамон дар демократикунонии xомеа, рушди иктисодиву иxтимои ба дастовардхои калон сохиб гардид. Сатхи камбизоати нисбати солхои пешина паст карда шуд. Обрeи Тоxикистон дар арсаи байналхалки басе афзуд. Ин боиси ифтихор аст ва ин нишон медихад, ки хукумати Xумхури бо сарварии Президенти кишвар Эмомали Рахмон рохи дурусти тараккиёти мамлакатро пеш гирифтааст. Бовари хаст, ки то рeзи интихобот фикри ахоли ба инобат гирифта шуда, баъзе
тагйироту иловахо ба конуни номбурда ворид карда мешавад.

Харифи асосиатон кадом хизб хохад буд?

— Дар xумхурии мо хашт хизби сиёсии ба кайд гирифташуда, амал карда истодаанд ва хамаи онхо мувофики барнома фаъолияти худро ба рох мондаанд. хар хизб мекeшад, ки бо рохи конуни ба сари кудрат биёяду барномаи худро амали намояд ва аслан фикр мекунам, ки максаду мароми хамаи хизбхо як аст — ин боз хам баланд бардоштани сатхи зиндаги ва некeахволии халк мебошад, яъне гул-гулшукуфии Тоxикистон. Хама як максад доранд, он хам бошад Тоxикистон обод бошад, мардумаш серу осуда. Вале рохи ноилшави ба ин хадаф гуногун мебошад. Аз ин xо хизбхо аз рeи барномахои худ ба хадаф расидан мехохад ва хизби сотсиалистии Тоxикистон истисно нест. Албатта, рохи ба хадаф расидани худро дар давраи пеш аз итихоботи ХСТ дастраси интихобкунандагон хохад кард. Вале вакте сухан дар бораи харифи асоси меравад, ин xо бояд кайд кард, ки дар сиёсат хамаи хизбхо харифи асосианд. Дар мусобикаи сиёси гохе хурдтарин амале ё сухане метавонад, пешравро ба кафо партояду кафомондаро ба пеш. Аз ин лихоз мо хамаи хизбхоро харифи босазо мехисобем. Зеро агар харифатро кадр карда натавони хеx гох ба муваффакият ноил намегарди.

Оё омодагии хизби Шумо шурeъ шудааст ё на?

Омодаги аслан хусусияти доими бояд дошта бошад. Бинобар хамин мо пас аз интихоботи гузашта бурду бохти худро тахлил намуда, барои омодаги ба интихоботи оянда накшахо кашида будем. Вале, мусаллам аст, ки фаъолноки пеш аз маъракахои мухим хамеша бештар мешавад. Интихобот, ки яке аз маъракахои мухими сиёси аст, ХСТ низ барои иштирок дар интихоботи дар пеш истода омода шуда истодааст.
Дар интихоботи гузашта {СТ дар вилояти Сугд 32 нафар номзадхои худро дар сатххои гуногуни макомоти интихоби пешбари намуда, аз xумла 4 нафари онхо сазовори боварии халк гардида, вакили намояндаи мардум дар маxлисхои махалли гардиданд. Ният дорем, ки дар интихоботи навбати шумораи онхоро зиёд намуда, бештар ба боварии халк ноил гардем.
Албатта, барои татбики амалии ин хадаф корхои зиёде бояд ба сомон расонд, Барномахои пешазинтихоботии дархури мардумро тахия кард ва максаду мароми хизбро ба дарки ахоли бояд расонид. Маълум, ки ин ба осони ба даст намеояд. Бинобар хамин, алхол дар хамаи сохторхои ибтидоии хизб корхои ташкили барои иштироки фаъолона дар интихобот идома дорад.

Дар мавриди демократи гузаштани интихобот чи назар доред

Конунгузории Xумхурии Тоxикистон барои бо таври демократи гузаронидани интихобот асосхои хукуки додааст. Вале то чи дараxа аз ин хукукхо истифода карда метавонем, ин бештар аз худи мо вобаста аст. Вале омилхои дигари таъсиррасон низ мавxуданд, ки барои яктарафа гузаштани натиxахои интихобот сабаб мешаванд. Ин xо ман пеш аз хама тарзи гузаронидани маъракаи тарuиботию ташвикотии номзадхоро дар назар дорам. Зеро яке имконияти васеъ дораду дигаре не. Яъне боз имконияти молиявии ин ё он хизб заминаи фарохамоварии маъракаи тарuиботи мегардад. Баробари ин хама, умедворем, ки дар такя ба конунхои амалкунанда барои бо таври демократи гузаронидани интихобот талош хохем кард.

Раиси Кумитаи ичроияи ХХДТ дар вилояти Сугд Бибихон Азизова

Раиси Кумитаи ичроияи ХХДТ дар вилояти Сугд Бибихон Азизова

Аз интихоботи дарпешистода чи интизоред?

Интихоботе, ки мохи феврали соли оянда баргузор мегардад, вакилони мардуми ба Парлумони кишвар ва мачлисхои махаллии вакилони халк аз нав интихоб мешаванд.
Бинобар ин мо, кабл аз хама галабаро интизорем ва дар ин замина густариши макомоти конунгузори кишвар аз сатхи боло то поён, ки тавонад минбаъд низ барои мустахкам кардани пойдевори чомеаи шахрванди дар Точикистон, волоияти конун ва дар мачмуъ таъмини хукуку озодихои хар як шахрванди Точикистон сахми арзанда гузорад.

Харифи асосиатон кадом хизб хохад буд?

Тавре медонед, гайр аз хизби мо 7 хизби дигари сиёси дар Точикистон фаъолият дорад, ки онхо низ расман аз кайд гузашта, фазои сиёсии кишварро пурра мекунанд. Бинобар ин хар кадоме аз ин хизбхо барои мо якранг буда, аз чихати мавкеъ якеро аз дигаре боло ё паст намешуморем.
Лекин натичаи интихоботи пешистода муайян мекунад, ки кадом хизби сиёси чи гуна мавкеъ ва накш дар чомеа дорад.

Оё омодагии хизби шумо шуруъ шудааст ё не?

Медонед? Тачрибаи чахони собит сохтааст, ки омодагии хизбхои сиёси барои маъракахои сиёси фаъолияти хамешагии онхо мебошад. Яъне, аниктар карда гуем, баъди чамъбасти як интихобот, аз рузи дигараш барои интихоботи навбати омодагихо огоз меёбанд.
Бинобар ин он накшаву барномаи корие, ки дар фаъолияти ташкилотхои хизбии худ мо амали карда истодаем, хамаи ин тайёрии ХХДТ ба интихобот мебошад. Оддитар карда гуем, мо хамеша тайёрем.

Дар мавриди демократи гузаштани интихобот чи назар доред?

Шукри истиклолият, ки давоми 18 сол кишвари мо чанд интихоботхоро паси сар кард ва боре хам натичаи онхо бекор дониста нашудааст. Баръакс, хар кадоми онхо аз чониби нозирону ташкилотхои байналхалки, намояндагони давлатхои дигар бахои баланд дода шудааст.
Аз ин лихоз боварии комил дорам, ки интихоботи пешистода низ дар сатхи баланди ташкили ва дар фазои демократи чараён мегирад.

 

Дилбар Самадова раиси ХСДТ дар вилояти Сугд

Дилбар Самадова раиси ХСДТ дар вилояти Сугд

 -Аз интихоботи дар пеш истода чӣ интизоред?

-Сиёсатмадоре, ки дар бораи муваффақияту комёбӣ ва ҷиҳати хуби кори худ фикр намекунад, ӯ сиёсатмадори хуб нест. Яъне ӯ бояд дар муборизаҳои сиёсӣ ва маъракаҳои интихоботӣ назари хуб доштаву хушбин бошад. (Бо вуҷуди он ки тақаллубкорӣ ва ноадолатиҳо дар маъракаҳои сиёсӣ хело зиёд ба вуқӯъ мепайванданд). Сарфи назар аз он,  ки қонун дар бораи тағйиру иловаҳо ба баъзе бандҳои Қонуни асосии Тоҷикистон аз ҷониби порлумони кишвар қабул нагардид, мо ноумед нестем ва муборизаҳои  сиёсиро давом хоҳем дод. Мо ба иродаи халқи рӯшанфики тоҷик эътимоди зиёд дорем ва мутмаинем, ки халқ моро дар ин интихобот дастгирӣ хоҳад кард ва ба ҷонибдории ҳизби мо овоз хоҳанд дод. Ва он нафароне, ки ба овозу раъйи мардуми кишвар хиёнат мекунанд ва бо тақаллубкориву ноадолатӣ намегузоранд, ки раъйи мардум ба шахси дилхоҳашон ва ҷои зарурӣ расад, мо ҳаволаи ин тоифаро ба Худо месупорем. Ман бовар дорам, ки мардуми мо дар қиёс ба соли 2005 ин бор хело пухтаву бедортар шудаанд ва дигар «мӯҳтарам депутатҳо» наметавонанд мардумро бо ваъдаҳои болохонадори худ фиреб кунанд.  Фикр мекунам, ки дар ин муддати панҷ сол халқ моро хело хуб дарк кардааст.  Мо бовар дорем, ки халқ ба мо овоз медиҳад ва ин овозҳоро оё ба мо медиҳанд ё не, ин барои мо норӯшан аст ва ман ба ин эътимод надорам. Ба он хотир ки вақте ягоне аз талабҳои мо ва дигар аҳзоби сиёсӣ аз ҷониби ҳукумату парлумони кишвар қабул карда намешаванд ва дар ҳоле ки намояндаи ҳизби  мо ва дигар аҳзоби сиёсии кишвар  иҷозаи вуруд ба участкаҳои итнихоботиро ҳамчун нозир надоранд, пас чӣ гуна метавонем бидонем, ки овози мо ба куҷо меравад. Чи хеле ки соли 2005 мо хело зиёд овоз гирифтему баъдан овозҳои моро ба мо надоданд (аниқтараш овозҳое, ки мо соҳиб шуда будем, ба куҷое ғайб заданд), ман нигаронам, ки ин таҷрибаи талх боз такрор нашавад.
— Ҳарифи асосиатон дар ин интихобот кадом ҳизб хоҳад буд?
-Ба назари инҷониб ҳарифи асосии мо ва дигар аҳзоби сиёсии  кишвар ин маҳз ҳизби ҳоким, яъне ҲХДТ хоҳад буд. Зеро ки  фишанги асосии кишвар имрӯз дар дасти ҳамин ҳизб аст. Ва он нафароне, ки дар ҳавзаҳо ҲХДТ ро намояндагӣ мекунанд, бечуну чаро метавон гуфт, ки дар ин интихобот мегузаранд.  ҲХДТ- ро  имрӯз аз ҳукумат ягон фарқ кардан мумкин нест ва чизи дигар ин ки тамоми вазоратхонаву идораҳо ва ВАО-и ҳукуматӣ дар арафаи интихобот пурра дар хизмати ҳамин ҳизб аст. Ин ҳама дар ҳолест, ки дигар аҳзоб чунин имконотро надоранд.

 -Оё омодагии ҳизби шумо шурӯъ шудааст ё на?

-Омодагии мо ба интихобот ҳанӯз соли 2005 шурӯъ шуда буд. Аз таҷрибаҳои талхи интихоботи соли 2005, ки мо рӯбарӯ  шуда будем сабақ гирифта, ҳамон замон ба фаъолият шурӯъ карда будем. Новабаста ба оне, ки қонуни пешниҳод кардаи мо  қабул мешавад ё не мо ҳадди ақал бовар доштем,  ки ба Қонуни Асосӣ   тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад ва аммо нашуд ки нашуд.  Барои интихоботи навбатӣ мо аллакай номзадҳоро омода кардаем  ва оё онҳо дар ин интихобот иштирок мекунанд ё не, ин масъалаи дигар аст. Зеро гаравпулие, ки барои баргузории интихобот аз мо талаб карда мешавад, хело гарон аст. Пардохт намудани 7000 сомонӣ дар шароите, ки ҷомиаи ҷаҳонӣ гирифтори бӯҳрони молӣ аст ман фикр мекунам, ки барои ҳамаи аҳзоби сиёсӣ хело гарон аст. Барои мардуми зиёӣ, ки қариб ҳамаи номзадҳои мо зиёӣ ҳастанд, пардохти чунин маблағ хело сангин мебошад. Паҳлуи дигари масъала ин аст, ки тамоми номзадҳо ба мо ироа медоранд, ки агар ин интихобот чун интихоботи соли 2005 баргузор гардад, беҳтараш иштирок накунанд. Чаро ки дар сурате, ки наметавонӣ ба овозҳое, ки мардум барои ту тариқи интихобот додаанд, соҳиб шавӣ, ширкат кардан ҳеҷ маъние надорад. Агар онҳо ба мо гӯянд, ки кафолати шаффоф гузаштани интихоботро медиҳанд, мо омода ҳастем, ки номзадии худро дар интихобот гузорем. Масалан, дар интихоботе, ки соли 2005 баргузор гардида буд,  ду нафар аъзои ҳизби мо Низомиддин Бегматов ва Насмиҷон Шукуров, ки номзадияшонро ба Маҷлиси намояндагон пешбари карда буданд ҳамканун пушти панҷара қарор доранд. Низомиддин Бегматов дар интихоботи соли 2005 қариб 60% раъйи  мардумро соҳиб шуда буд ва мехост, ки ин  овозҳои мардум додагиро соҳиб шавад ва барои ин кӯшишу ҳаракати хело зиёд карда буд. Барои чунин ҳаракату кӯшиш ӯро кормандони ҳифзи ҳуқуқ равонаи зиндон карданд. ӯ намехост, ки дидаву дониста ӯву ҳизбашро дар рӯзи равшан гӯл задаву фиреб кунанд. Ва ҷурмаш ҳам ин буд, ки ҳақиқатро ҷустуҷӯ мекард.

-Дар мавриди демократӣ гузаштани интихобот чӣ назар доред?
Дар робита ба гуфтаҳои президент Эмомалӣ  Раҳмон,  ки ахиран тариқи ВАО-и кишвар  иброз намуда, ки ман кафили демократӣ гузаштани интихоботи қарибулвуқӯъ ҳастам, аммо ман ба он ақида ҳастам, ки ин интихобот фарсахҳо дур аз демократияву шаффофият мегузарад. Зеро ҳамин гуна тасмимҳову кафилшуданҳо  дар замони гузашта низ буданд ва хело хуб дар ёд дорем, ки то куҷо барои шафоф гузаштани маъракаҳои сиёсӣ мусоидат карда буданд. Ман бори дигар таъкид мекунам, ки шаффофияти интихобот ҳамон вақт таъмин мегардад, ки дар назорат ва худи баргузории он намояндагони тамоми аҳзоби сиёсии кишвар ширкат кунанд. Дар сурати ширкат накардани намояндагони дигар аҳзоб демократӣ гузаштани интихобот зери суол мемонад. Бубинед чанде қабл  Муҳибулло Додоҷонов раиси КМИР иброз намуда буд, ки намояндагони дигар аҳзоб ба ҳайати нозирони интихоботӣ набояд шомил шаванд. Пас куҷо метавон пас аз ин иқдомҳои «наҷиб» шафоффияту демократӣ гузаштани интихоботро интизор шуд? Ман фикр мекунам, ки Президенти кишвар набояд раиси ягон ҳизби сиёсӣ бошад. Аммо имрӯз чун медонем Эмомалӣ Раҳмон раиси ҲХДТ мебошад, дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ намояндагони ин ҳизб аз номи президент истифода карда, корро ба нафъи худ меанҷомонанд. Зеро як нуктаро набояд фаромӯш кард, ки Эмомалӣ Раҳмон перезиденти мо низ ҳаст. Охир ин чи гуна демократия ҳаст, вақте ки тамоми ҳизбҳои сиёсӣ як хел аз вазорати адлия мегузаранд, пас чаро як хел имконоту ҳуқуқ надоранд?  Бо вуҷуди ин мо аз фаъолияти сиёсӣ даст нахоҳем кашид. Барои кормандону рӯзноманигорони  «Варорӯд» ташаккур, ки доимо аз кору фаъолияти мо огоҳ мешавед. Ташаккур ба шумо ки моро фаромӯш накардаед, аммо рӯзномаҳои ҳукуматӣ  боре ҳам ҳизбҳоир дигарро ба гӯшаи хотирашон намеоранд. Ва онҳо гумон мекунанд, ки барои онҳо танҳо ҳизби ҳоким вуҷуд дораду халос. Бехабар аз он ки маошу ҳаққулзаҳмати кормандонашон аз кисаи мову шумо, андозсупорандагон, пардохт карда мешавад.

Муҳовара бо оқои Ғуфрончон Рустамов котиби аввали кумитаи вилоятии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар вилояти Суғд, узви Кумитаи Марказии ҲК Тоҷикистон.

Ғуфрончон Рустамов котиби аввали кумитаи вилоятии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар вилояти Суғд, узви Кумитаи Марказии ҲК Тоҷикистон.

Ғуфрончон Рустамов котиби аввали кумитаи вилоятии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар вилояти Суғд, узви Кумитаи Марказии ҲК Тоҷикистон.

Аз интихоботи дар пеш истода чи интизоред?

Комунистон ҳамеша хушбин буданд ва бо ҳамин хислати хеш содиқанд . Интизорем, ки маракаи сиёсӣ дар сатҳе баргузор мешавад, ки мардумро ба пешомадҳои нек, ободии кишвар, тантанаи адолати иҷтимоӣ, нерӯмандии иқтидори иқтисодӣ, молиявӣ ва маънавии Тоҷикистон дилпур мекунад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо гуфтааст, ки мо як ватан ва як модар дорем, ки номаш Тоҷикистон аст. Интихоботи шаффофу ҳақиқи демократӣ, ки ба тантанаи  адлу инсоф мусоидат мекунад, ба нафъи анаҳамин василати модар ва пайвандони он аст.

Ин нункти набояд ягон фарди ҷомеаро бетараф гузорад.

Харифи асосиатон кадом хизб хохад буд?

Дар интихобот ҳариф асосӣ ва ғайри асосӣ намешавад. Ҳар ҳизби сиёсӣ бари якдигар ҳариф аст ва гумон мекунам ғалат мешуд неърӯи якеро суст ё пурқувват шарҳ дод. Зеро интихобот маракаест, ки дар он натанҳо узви ин ё он ҳизб балки мардум иштрок мекунад, ки бештари мардумро бо барномаву андешаҳои солим аз қафои худ бурда метавонад ва овози зиёдро соҳиб мешавад инро натиҷаи интихобот нишон медиҳад. Албатта агар интихобот бетақаллуб ва таҳриф гузарад.

Бо вуҷуди ин мехоҳам зикр кунам, ки дар интихобот агар ошкоро бигӯем ҲНИТ аз ҳарифҳои нерӯманд аст. Омӯзиши афкори умум гоҳҳо ин андешаро тақвият медиҳад

Оё омодагии хизби шумо шуруъ шудааст ё на?

Мантикан барои хар як хизби сиёсии парлумони тайёри ба интихобот фавран пас аз гузашти маърака шуруъ мешавад. Зеро аз гузаштани маъракахои сиёси, ки хадафи хар хизб даст боло шудан аст, натичабардори кардан, бурду бохтро тахлил намудан,  бахо додан худ як навъ шуруъи тайёри аст. Хам дар анчуман, пленумхо ва конфронсу мачлисхо

хизби дарозаш панач сол як нуктаи асоси сабабакхои интихобот ва дарёфту андешидани тадбирхо, пиёда кардани накшахо махсуб мешуд.

Ин андешаи кулли хизбхои сиёси аст. Зеро дар маҳфилу нишастҳои сӯҳбати атрофи мизи мудаввар, ки бо ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ оростаем ҳамеша мавзӯи сабақҳои итихобот камбудиҳои он ҷустуҷӯи роҳҳои ислоҳи нуқсонҳо ва муваффақ шудан ба интихоботи ҳақиқаттан шаффофу демократи асосӣ, доғ ва ҳалталаб муҳокима мешуд.

Лекин бо як сухан посух ба суол он аст, ки тайёри ба интихобот баъди эълони он расман ба нақшаи мушаххас сурат мегирад. Танҳо нигаронӣ он аст, ки таъғир нашавад.

Дар мавриди демократи гузаштани интихобот чи назар доред?

Интихобот бояд дар Тоҷикистон барин кишваре, ки бари ҷаҳониён имрӯз бо иқдоми наҷибаш муаррифи шудааст, ҳатман дар сатҳи баланд гузарад. Мо интизори доштем, ки агар қоидаи тағйиру иловаҳо ба қонуни интихобот Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди назар мешуд ва қабул мегардид ҷои шакку шубҳаҳо намемонд. Зеро дар ин лоиҳа аз ҷониби Ҳизби Комунист пешниҳод шуда буд кулли андешаву дархост ва ормонҳои ҳизбҳои сиёсии мамлакатро фарогир буд. Мо огоҳ будем, ки тағйиру иловаҳо бо ширкати комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ, бо кӯмаки САҲА ва заҳматҳои гуруҳи кори хеле дурандешона ва пухта тайёр шуда буд. Воқеан интихобот то интихобот бо назардошти таҷриба ва сабақҳо қонуни он ҳам бояд ташаккул ёбад ва тағйиру иловаҳо ҷавобгӯи айём бошад.

Файзуллочон Файзиев, Раиси созмони ХДТ дар вилояти Сугд

Файзуллочон Файзиев, Раиси созмони ХДТ дар вилояти Сугд

Мохи феврали соли оянда дар чумхури интихоботи навбатии Мачлиси Оли ва мачлисхои махалли баргузор мегардад. Дар доирахои сиёси оид ба тарзу усули баргузории интихоботи оянда гуфтугухои зиёде сурат гирифта истодаанд. Сомонаи «Як дарича чанд нигох» тасмим гирифт, то дар сахафоти хеш чорабинихои марбут ба ин маъракаи мухимро дар кишвар ва аз чумла, дар вилояти Сугд инъикос намояд. Сараввал мо ба чахор саволи худ аз рохбарон ва масъулони бахшу шуъбахои ахзоби сиёсии кишвар, ки дар Сугд фаъолият доранд, чавоб гирифтем. Инак, чавобхои созмони вилоятии хизби демократии Точикистон дар мавриди интихоботи оянда.

Файзуллочон Файзиев, Раиси созмони ХДТ дар вилояти Сугд

Аз интихоботи дар пеш истода чи интизоред?
-Аз он рузе, ки Чумхурии Точикистон истиклолияти давлатии худро сохиб шуд, зиёда аз 18 сол сипари гашт. Дар ин муддат кишвари азизи мо чанд раъйпурсию интихоботхоро паси сар кард. Интихоботи соли 1991-и Раиси Чумхур нисбатан интихоботи демократи буд, ки дар он вакт куввахои демократи тавонистанд, зиёда аз 30 фоизи овози интихобткунандагонро сохиб шаванд. Минбаъда интихоботхо танхо аз такаллубкорию ваъдабозихои номзадхо ва нозирону аъзоёни комиссияхои интихобот аз боло то ба поён иборат буданд. Баромади Президенти кишвар дар паёми навбатии худ, ки 15 апрели соли чори ба Мачлиси олии чумхури кард, мо аъзоёни ХДТ-ро як кадар дилгармию хушбини оиди интихоботи дар пеш истодаи соли 2010 бахшид. Интизорем аклу заковати самимии Макомоти ичроияи шахру вилоятро, ки аз руи вичдон кафолати Президенти мамлакат ва Раиси ХХДТ чаноби Эмомали Рахмонро оид ба шаффофияти интихобот дастгири менамоянд. Интизорем, ки соли оянда дар Мачлиси намояндагон ва мачлисхои шахру нохияву вилоят микдори муайяни аъзоёни хизби демократи ваколати вакилиро пайдо мекунанд. Ин икдом обруву нуфузи Эмомали Рахмон ва макоми Точикистонро дар арсаи чахони баланд хохад кард. Аз як чихат Президенти Чумхурии Точикистон Чаноби Оли мухтарам Эмомали Рахмон кафолати баргузории интихоботи озоди шаффоф ва демократиро медихад, вале мутаассифона, вакилони Мачлиси намояндагон баргузории ин гуна интихоботро рад намуданд. Аз ин чо бармеояд, ки вакилони аз тарафи халк гуё «интихоб» гашта, харос аз он доранд, ки агар ба комиссияхои интихоботи аз боло то ба поён намояндагони хизбхои сиёсии кишвар баробар ворид шаванд, минбаъд интихобшавии онхо ё намояндагони онхо хеле аз хакикат дур мемонад.
Бо ин амали худ мардуми интихобкунандаи кишварро, ки президент Эмомали Рахмон кафолати интихоботи шаффофу демократиро ваъда дода буд, аз пояи хукукию конуни шудани ин кафолатдихи махрум сохтанд. Яъне баргузории интихоботи дар пеш истода, ба таври шаффофу озод ва демократи шудани онро зери суол гузоштанд.
Мо ба хар хол ба ваъдаи кафолатии Президенти кишвар эътимод дорем. Ба наздики дар вохурии худ котиби давлатии Иёлоти Муттахидаи Амрико Хиллари Клинтон аз Президенти Точикистон Эмомали Рахмон даъват ба амал овард, ки интихоботи дар пеш истода, дар фазои озод, шаффофу демократи баргузор гардад, то ки намояндагони арзандаи халку миллат бе мамоният ба овозхои худ сохиб гарданд.
— Харифи асосиатон кадом хизб хохад буд?
-Дар хамаи давлатхои чахон харифи асосии хар як хизби сиёси ин хизби хоким ба шумор меравад. Барои он ки тамоми фишангхои иктисоди, ичтимои, фархангию сиёси дар дасти он мебошад. Дар Чумхурии Точикистон хизби хоким ин хизби халки-демократи мебошад, ки раиси ин хизб Президенти кишвар хаст. Аз нигохи хизби демократии Точикистон Президенти кишвар набояд Раиси ягон хизб бошад, чаро ки вай дар навбати худ Президенти мо ва дигар ахзоби сиёсии кишварамон ба шумор меравад.
Бар замми ин барои хар як номзади гайри аъзои хизби халки- демократи, харифи асоси ин такаллубкори, фиреб, дуруг ва фитнагароихои комиссияхои интихоботи ба шумор меравад. хизби Демократии Точикистон борхо даъват ба амал оварда буд ва боз изхор медорад, ки макомотхои ичроияи хокимияти давлати ба огоз ва рафти маъракаи интихобот катъиян дахолат надошта бошанд. Ба таври доими макомотхои ичроия аз тарси он ки халк дар хакикат намояндагони онхоро интихоб надорад, бинобар он дагалона ба огоз ва рафти интихобот дахолат менамоянд. Вазорату кумитахои давлати, васоити ахбори омма, телевизион, радио ва хамаи макомотхои ичроия аз боло то ба поён дар хизмати ХХДТ мебошанд.
— Оё омодагии хизби Шумо шуруъ шудааст ё на?
-Омодаги ба интихобот барои ба боварии шахрвандони шарифи мамлакат сохиб шудан аз вакти таъсиси хизби демократи Точикистон аз соли 1990 инчониб мебошад. Боиси сарбаландии ХДТ он аст, ки дар Сарконуни Чумхурии Точикистон «Точикистон давлати демократи, хукукбунёд, дуняви ва ягона» буданаш омадааст, ки ин яке аз максадхои асосии хизби мост.
Баъди он, ки Президенти кишвар дар паёми навбатии худ ба Мачлиси Оли кафолати баргузории интихоботи шаффофу озодро ваъда дод, бовари нисбати баргузории ин гуна интихоботи шаффоф пайдо шуд. Ва умед ба он мебандем, ки дар мавриди аз тарафи Мачлиси намояндагон рад шудани лоихаи Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи интихоботи Мачлиси Оли Президенти кишвар кафолати худро бо фармон оиди шаффофу озод гузаронидани интихобот тасдик менамояд ва мумкин аст макомоти поёни ин гуна фармонро ичро намоянд. холо бошад дар хамаи созмонхои шахру нохияхои вилояти Сугд омодаги ба интихобот ба таври бояду шояд рафта истодааст ва минбаъд низ онро дар чойхо чоннок хохем кард.
Дар мавриди демократи гузаштани интихобот чи назар доред?
-Хукумати Чумхурии Точикистон дар бораи демократи ва хукукбунёд шудани кишвар бисёр суханони волоро ифшо менамоянд, аммо рафтор ва услуби корбарии онхо шахсхоро ба ноумеди водор месозад. Аз хамаи интихоботхои гузашта имруз мардум ноумед шудааст ва бовар надорад, ки номзади интихобкардаи у ваколати вакилиро сохиб мегардад.
Натичаи пурсишхое, ки аз тарафи созмонхои бонуфузи байналмиллали холисона аз шахрвандони Чумхурии Точикистон оиди хизбхои сиёси гузаронидаанд, ХДТ аз хама макоми баландро сохиб гаштааст. Дар сурати озоду демократи гузаштани интихобот ХДТ итминони комил дорад, ки зиёда аз 30 фоизи овози интихобкунандагонро сохиб мешавад.
Дар мавриди демократи гузаштани интихоботи дар пеш истода мо аъзоён ва рохбарияти хизби Демократии Точикистон умед дорем, ки намояндагони хизби Демократи дар катори дигар хизбхои сиёсии аз кайд гузашта ба мачлиси намояндагон ва мачлисхои махалли интихоб мегарданд ва барои рушду нумуи Точикистони азизи худ конунхои мувофик ва такконбахшандаро кабул менамоянд.
1. Дар мавриди демократи гузаштани интихобот ин пеш аз хама ба пояи коррупсия теша мезанад, барои вориди сармояи хоричии кишвар ба иктисодиёт тахкурси мегузорад. Боварии шахрвандони Чумхури ва хоричиёнро ба фардои дурахшони Точикистон кави мегардонад.
2. Шаффофияти фаъолияти вазоратхо, кумитахо ва макомотхои давлатиро таъмин менамояд.
3. Тарзи сарфиёти сармояи хоричи, кумаки башардустонаю хайрияхоро зери назорат мегирад.
4. Системаи андоз ва андозбанди ба низом дароварда шуда, сарфу харочоти самаранокии бучаи Чумхурии Точикистон зери назорати катъи гирифта шуда он самаранок истифода бурда мешавад.
5. Ба Конуни асосии Чумхурии Точикистон тагйироту иловахо ворид намуда, мустакилияти се шохаи хокимият, хокимияти конунбарор, хокимияти ичроия ва хокимияти суди таъмин карда мешавад.
6. Ваколатхои Президент, Сарвазир, Мачлиси намояндагон мукаррар карда мешаванд. Мухлати идоракунии Президент чор сол буда вай ду мухлат интихоб шуда метавонад, яъне 8 сол. Президенти амалкунанда дар мавриди чори шудани ин тагйироту илова ба Конуни асоси хукуки боз пешниход шуданро надорад. Дурустии ин мухлати ваколатро зиёда аз 200 сол инчониб Иёлоти Муттахидаи Амрико тасдик намудааст ва ин набояд минбаъд тагйирёбанда бошад.
7. Вазирон дар назди Сарвазир, Президент хисоботдиханда буда, дар навбати худ парлумон бояд аз ичроиши конунхои кабул намуда аз болои онхо назорат барад ва онхо вазифадоранд, ки назди вакилони Мачлиси намояндагон сари вакт хисобот диханд.
8. Хамаи раисон аз чамоат сар карда то раисони шахру нохияви ва вилояти интихоби бошанд ва хар сари шаш моху як сол назди интихобкунандагони худ хисобот диханд. Дар вакти гайр интихобкунандагон хукуки бозхонди онхоро дошта бошанд.
Набояд Раисони шахру нохияхо ва вилоятхо дар як вакт
Раиси мачлисхои махалли бошанд, чаро ки раисони шахру нохияви макомоти ичроияви буда, назди мачлисхои махаллии шахрию нохияви ва вилояти хисоботдиханда бошанд ва мачлисхои махалли аз болои конуну карорхои кабулкардаи худ назорат бурда тавонанд.
9. Дар мавриди демократи гузаштани интихобот макому манзалати омузгор дар сухан не балки дар амал бо зиёд намудани маоши омузгор барои як вохиди кори, ки вай аз 14 соат иборат бошад ва маблаги мегирифтаи у имруз 1200-1400 сомониро ташкил намуда, барои рохбари синфи бошад 300-400 сомониро дарег надорем ва хамаи имтиёзхое, ки омузгор дошт ба у баргардонем. Дар ин холат мо метавонем маорифро вокеан ба сохаи афзалиятнок табдил дода насли наврасро босавод гардонем ва кадрхои бехтаринро ба воя расонем, чаро ки офаранда ва ба вучудорандаи неъматхои моддию истехсоли махз кадрхои баландихтисос ба шумор мераванд. Дар ин маврид баланд бардоштани маърифати сиёсии мардум хело осон мегардад ва мардуми босаводи маърифати сиёсии баланд доштаро такаллубкори, фиреб, фитнагари ва ваъдахои бардуруг додан амрест махол.
Дар Чумхурии Точикистон нигох доштани ин кадар Донишгоххои зиёди олии касби зарур нест, хадалимкон Донишгоххои олии гуманитари кам карда шаванд, барои он ки бисёрии хатмкунандагони ин Донишгоххо пас аз хатм бо чои кор таъмин намешаванд ва эхтиёч низ вучуд надорад.
Микдори Вазорату Кумитахои давлати низ дида баромада кисми зиёди онхо ё бархам дода мешаванд ё худ муттахид карда шуданашон лозим аст. Барои он ки дар хамаи сохахо танхо баромади Президенти кишвар Эмомали Рахмонро оиди лампахои каммасраф, афзалиятнокии маориф, амният, мудофиа ва макомотхои дахлдори кудрати, саломатии мардум ва тозаю ободии мухити зист ва тозагии оби нушокиро мешунавем. хол он ки ин хама суханронию баромадхои Президенти кишвар сифр кори Вазорату Кумитахо хаст.
Ихтисор намудани армияи калони рохбарикунандаи шуъбаю кумитахо ногузир буда ин талаби замон ва вазъи иктисодии кишвар дар мархилаи кунуни мебошад.
10. Дар мавриди демократи гузаштани интихобот замин ба сохиби аслиаш дехкон дода шуда, ин замин барои дигарон сарчашмаи ба даст дарории даромади муфт бо рохи ичорадихи ва хариду фуруш нагардад.

Аз тарафи сохибкорони ватани истехсолоти молу мавод дар корхонахои шахсии онхо шароит ба вучуд меорад. То ки мо тавонем молу маводи ракобатпазирро нисбат ба молхои истехсолнамуда, истехсоли хоричи, воридшавии молхои хоричиро ба кишвар танг намоем ва бештар ба хоричи кишвар онро фурухта тавонему он харидоргир шуда тавонад.
Обектхои калони хаётан мухими стратеги ба монанди неругоххои барки, заводхои тилло, алюминий, сурмаю симоб, нукра дар идоракунии давлат бошад. Андозсупорандагон бучаи давлатро таъмин менамоянд бинобар он ба хукуматхо лозим аст, ки хукуку амнияти андозсупорандагонро эхтиром намуда онхоро химоя ва дастгири намояд.
Дар поёнии сухан ба хамаи шахрвандон ва интихобкунандагони Чумхурии азизамон таманнои онро дорем, ки аз ормонхои демократи бархурдор бошанд ва дар интихоботи пеш истода хушёрию зиракии сиёсии худро аз даст надиханд, то ки овози онхо дуздида нашавад. Махз голибияти ормонхои демократи буд, ки имруз дар Чумхурии Чопон, Иёлоти Муттахидаи Амрико ва Олмони федерали хизбхои Демократи галаба ба даст овардаанд, ки ин давлатхои номбаршуда аз шумораи давлатхои хело пешкадами тараккиёфта ба шумор мераванд.
Худо кунад, ки Точикистони азизи мову Шумо дар маддати кутохтарин аз бухрони барки, гази, комуникатсиони ва ичтимоию иктисоди рахои ёбад. Мардуми он чун инсони комил зиндагони мекардаги шавад.

Ормони хизби Демократии Точикистон ин пеш аз хама,

Истиклолияти комили давлатдории навини Точикистон
Зиндагии фаровону осудахолии мардум мароми мост,-

мебошад.

Hello world!

Welcome to WordPress.com. This is your first post. Edit or delete it and start blogging!